29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор иншооти ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ бунёд мегардад

225
Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор иншооти ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ бунёд мешавад.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот, ки дар кӯчаи Синои шаҳри Ҳисор бунёд мегардад, боздид намуд. Иншооти ташхиси техникӣ-автомобилӣ ва бақайдгирию имтиҳонӣ аз се қабат иборат буда, пурра бомпӯш гардидааст. Ҳоло дар дохили он корҳои андоваю рангу бор оғоз гардидаанд.
Раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои ба тартиб овардани атрофи иншоот ба масъулин дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо афсарону аскарони қисми низомӣ, воқеъ дар шафати бино ҳашари умумӣ доир намоянд.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҳамчунин бо таъмиру тармими қитъаи роҳи кӯчаи Неъмат Қарабоеви маҳаллаи Шарқи шаҳри Ҳисор шинос гардид. Сохтмони қитъаи роҳи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр анҷом дода мешавад. Роҳ ба паҳноии 10,5 метр васеъ гардида, дар ду канораш роҳравҳо барои пиёдагардон бо шинонидани дарахтони ороишӣ бунёд мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво