20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара якчанд оилаи ниёзманд ва маъюбро бо як миқдор ангишт ва ҳезум таъмин намуданд

231
Бо кумак ва дастгириҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр Абдумумин Ҳалимов, Савриддин Раҷабов, Суруридин Зиёваддинзода, Мирзомаруф Бобоев ҷиҳати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ба якчанд оилаҳои ниёзманд ва маъюб як миқдор ангишт ва ҳезум тақдим карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар шаҳри Исфара 29 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, 24 адад нуқтаҳои доимии фурӯши ангишт ташкил гардидаанд, ки ба ахоли хизмат мерасонанд. Дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб бо дарки амиқи вазъи баамаломада ва афзоиши талабот соли 2020 истихроҷи ангиштро ба таври назаррас афзоиш доданд.

Зимни суҳбат бо сокинон аён мегардад, ки ғолибан онҳо аз муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» огаҳӣ доранд ва омилҳои мушкилоти кунуниро дуруст дарк мекунанд. Аз ин рӯ сокинон тасмим гирифтаанд, ки барқро асосан барои рӯшноӣ истифода бурда, дар омода намудани таом ва гармкунии иқоматгоҳашон аз ангишту ҳезум ва газ истифода баранд. Сокинон боварӣ доранд, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ буда, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар киловатт-соати барқ ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ҷамъияту давлат аст.

Дар шаҳри Исфара бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати баландбардории масъулияти шаҳрвандӣ ва маданияти истифодаи неруи барқ мунтазам дар корхонаю ташкилот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба масъалаҳои сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи оқилонаву самараноки он ва афзалияти корбаст аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ равона месозанд.

Инчунин вобаста ба вазъи дар соҳаи энергетика ба миён омада диққати ҳозирин ба мавзӯи истифода аз намудҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили ангишту ҳезум ва гази моеъ низ ҷалб карда мешавад. Ҳарчанд ки дар шаҳри Исфара раванди омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон хеле барвақт роҳандозӣ шуда буд, вале муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар робита бо истифодаи сарфакорона ва оқилонаи неруи барқ аз роҳбарони шаҳр ва мақомоти марбута тақозо намуд, ки дар ин самт боз ҳам тадбирҳои фавриву иловагӣ андешида шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво