20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хатлон 959 муассисаи тандурустӣ бунёд мегардад

248
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 959 муассисаи гуногуни тандурустӣ бунёд мегарданд, ки он ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Аз ин шумора 53 адад беморхона, 105 адад марказҳои саломатӣ, 341 адад бунгоҳи тиббӣ, 230 адад нуқтаҳои хатна, 30 адад таваллудхона ва 200 ададро дорухонаҳо ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки то имрӯз бештари ин муассисаҳои тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

«Феълан корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои нисбатан бузургҳаҷм, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати хоб, инчунин Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд»,-афзуд мавсуф.

Мирзоалӣ Раҷабзода гуфт, ки Вазоати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нақша доранд, ки тамоми ин муассисаҳои тандурустиро бо таҷҳизоти нодири аз давлатҳои хориҷӣ харидоришаванда таъмин намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво