25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия ҷараён дорад

240
Сохтмони бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалик, микроноҳияҳои 4-6-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл бо ҷараёни сохтмони бинои нави мазкур шинос шуда, ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳо ва ободонии ҳудуди он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи ин бино аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтааст. Бинои асосӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст. Ҳамзамон бунёди 10 ҳуҷраи ёрирасон дар атрофи бино дар назар буда, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 8 500 000 сомониро дар бар мегирад.

Дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, барои шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва ошхона бо 50 ҷой пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои корӣ бунёд мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво