20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Айнӣ Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр ва Парчами давлатии 50-метра бунёд мегарданд

424
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони Нишони давлатӣ бо баланди 22 метр, Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр ва дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои мактаб-интернати сеошёна барои 220 нафар тарбиятгирандагон ҷараён дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Нишон ва Парчам дар маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар бинои навсохти мактаб-интернат дар Ҷамоати деҳоти Анзоб тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ҳамзамон коргоҳҳои дӯзандагиву дуредгарӣ ва синфхонаи компютерӣ ташкил шудаанд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, ки ба таъмир ниёз дорад, навсозӣ гардида, барои хонандагон толори варзишӣ бунёд мегардад.

Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон 292 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёду баистифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо биноҳои иҷтимоӣ ифтитоҳ мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво