29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хатлон гурӯҳҳои муштарак корҳои фаҳмондадиҳиро бобати истифодаи самараноки қувваи барқ тақвият мебахшанд

281
Тибқи супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он гурӯҳҳои муштарак таъсис дода шудаанд, ки дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо ва ҷойҳои оммавӣ бобати истифодаи самараноки қувваи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият мебахшанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ин гурӯҳҳо кормандони РВКД ва ШВКД-ҳо, нозирони минтақавии милитсия дар ҳамбастагӣ бо кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, кормандони соҳаи идеологӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шабакаҳои барқӣ ҷалб гардида, бобати истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Гурӯҳҳои корӣ ба аҳолӣ муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик»-ро расонида, таъкид мекунанд, ки сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар киловатт-соати барқ, ба исрофкорӣ роҳ надодан ва дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз тамоми имконият самаранок истифода бурдан ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ҷамъият аст. Инчунин истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ва беаҳамиятӣ дар истифодаи неруи барқ метавонад сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад.

Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ, таъсири тағйирёбии иқлим ба интиқоли саривақтии неруи барқ ва дарки дурусти моҳияти масъала ба сокинони мамлакат пешниҳод гардида буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво