19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон 157 иншоот тармим ва навсозӣ гардидаанд

200
Давоми солҳои 2018-2020 тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он 157 иншооти нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд, тармим ва навсозӣ гардидаанд. Ин нуктаро муовини раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ғайрат Оқилзода дар машварати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварати корӣ зикр гардид, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, кӯдакистони «Парасту», мактаби санъат, меҳмонхонаҳои иловагӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон», барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳр, корхонаи арматурабарории ҶДММ «Маҳмуд ва Компания», коргоҳи коркарди коғаз дар ҳудуди ҶДММ «Сахо ва Компания», коргоҳи истеҳсоли ришта дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҶДММ «Мурғи аълосифат», истироҳатгоҳи «Суғдиён» ва оғози ҷараёни навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» мавриди истифода қарор дода шуданд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷзияи ҳаматарафаи нақшаи чорабиниҳо, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, муҳлатҳои он, иншооти сохтмонаш тӯлкашида ва дигар мушкилот, аз ҷумла доир ба иншооти бунёдгардидаи ғайринақшавӣ ибрози назар намуда, дастур дод, ки ба нақшаи чорабиниҳо бо дарназардошти бунёди иншооти ғайринақшавӣ тағйироту иловаҳо дароварда шаванд.

Масъалаи ободониву хуррамгардонӣ ва вазъи беҳдошти маркази шаҳр чун яке аз марказҳои асосии сайёҳии вилоят мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор гирифта, барои тавсеаи корҳои ободонӣ масъулин вобаста карда шуданд.

Дар фарҷоми машварат Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷдиди даромадгоҳи ғарбии шаҳр, вусъати ниҳолшинонӣ, вазъи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик», рангубори биноҳои истиқоматӣ, чароғонкунӣ ва ободонии кӯчаҳои дохилии маркази шаҳр, ивази партовгоҳҳо, густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ доир ба сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ, корбарӣ бо усули гардиши хона ба хона, зимистонгузаронӣ, ғанигардонии буҷет, иваз намудани шиору лавҳаҳои фарсудаву кӯҳнашуда ва амсоли ин ба масъулин супориш дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво