29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Оятулло Раҳматуллозода дар Шаҳритус меҳмонхонаи сеошёна, ҳаммом, тӯйхона, маркази савдо ва майдони варзишӣ месозад

269
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Оятулло Раҳматуллозода меҳмонхонаи сеошёна, ҳаммом бо ҳавзаш, тӯйхона, маркази савдо, майдони варзишӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо ба истифода дода мешавад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, беш аз 60 нафар бинокорони ботаҷриба ҳоло ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаву бо маоши баланд таъмин гардидаанд.

Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои мазкур зиёда аз сад нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шаҳритус идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳритус бунёду навсозии 365 иншоот ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво