29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО… Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5000 ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд

278
Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 5000 (панҷ ҳазор) нафар ятимони куллу маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Тавре аз сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» Абдулмаҷид Ҳакимзода иброз дошт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО… Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5000 ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд

«Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд. Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд»,-афзуд манбаъ.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво