19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУТ: Дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 410 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

234
Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон аз 81,14 миллион нафар гузашта, давоми шабонарӯзи охир беш аз 410 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 28 декабр, ба СУТ дар бораи 81 149 866 нафар сироятёфтагон ва 1 772 066 фавт маълумот расид. Шумораи гирифторони ин беморӣ 410 132 нафар ва фавт — 7 041 нафар зиёд шудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 19 573 847. Баъд аз он Ҳиндустон (10 208 725), Бразилия (7 484 285), Россия (3 050 248), Франсия (2 559 686), Британияи Кабир (2 288 345), Италия (2 047 696), Испания (1 869 610), Германия (1 655 322), Колумбия (1 594 497), Аргентина (1 583 297) ва Мексика (1 383 434) ҷойгир мебошанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво