28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БИДУНИ БАРФ. Дар Соли нав дар Тоҷикистон сокинон се рӯз истироҳат мекунанд

265
Дар рӯзҳои ҷашнии Соли нав шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз — 1, 2 ва 3 истироҳат хоҳанд кард.

Тибқи тақвим, имсол Соли нав ба рӯзи ҷумъа рост меояд, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» истироҳат аст. Шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат дар аввали моҳи январ се рӯз дам хоҳанд гирифт.

Соли гузашта низ дар Тоҷикистон шаҳрвандон се рӯз — 30, 31 ва 1 январ истироҳат карда буданд.

Сардори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар Соли нав барф ва сардиҳои шадид пешгӯӣ намешавад. Аммо бориши барф чанд рӯз пеш аз омадани соли 2021 ба амал хоҳад омад.

Ҳамин тавр, аллакай аз 26 то 27 декабр дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, барф меборад ва ҳаво сард мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат аз +4 то -15 дараҷа ва дар минтақаи баландкӯҳи Бурункӯли ВМКБ то 31-33 дараҷа сардӣ пешбинӣ шудааст!

То 30-юми декабр боду ҳаво барқарор шуда, ҳавои абрнок ва соф пешбинӣ мегардад.“Аз 31 декабр то 1 январ боридани борон пешбинӣ нашудааст», — гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Ҳамзамон, мутахассиси Маркази обу ҳавошиносӣ иброз намуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво каме абрнок хоҳад буд ва ҳарорати миёнаи он дар мамлакат тақрибан + 5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво