29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастури Рустами Эмомалӣ: дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати шахсони эҳтиёҷманд рафта, ба онҳо кумаки моддӣ расонед

242
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафи Соли нави мелодӣ ба аёдати беморону маъюбон, ятимону шахсони эҳтиёҷманд рафта, аз аҳволашон бохабар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонед. Чунин дастур доданд Рустами Эмомалӣ имрӯз зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ба масъулини соҳа.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дстгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр оид ба пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия дар пойтахт ба муовини соҳавӣ, раисони ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ аз байн бурдани миёнаравӣ ва таъмини рақобати солим аз фишангҳои дар қонун пешбинишуда, махсусан бо роҳи ворид намудани маҳсулоти захирашуда, инчунин бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар соли 2021 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид шуд, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӯзу фардои пойтахти давлати соҳибистиқлоламон истиқбол мегиранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво