26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси шаҳри Душанбе аз мавҷудияти камбудиву норасоиҳо дар соҳаи сохтмони пойтахт изҳори нигаронӣ карданд

268
Айни замон дар шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар 450 бинову иншоот бомаром идома доранд, вале тавре ба мушоҳида мерасад, дар соҳаи сохтмон ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Бинобар ин, муовини якум, роҳбарони лоиҳаҳо ва сохторҳои шаҳриро зарур аст, ки зимни татбиқи лоиҳаҳо ҷалби бештари ширкатҳои ватании таҷрибадор ва кормандони маҳаллӣ, истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ ва назорати иҷрои корҳоро ҳамарӯза таъмин намоянд,- таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ин робита Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои масъули шаҳр, махсусан Комиссияи давлатии қабул супориш доданд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт барои интихоби ширкатҳои пешқадам, ки дар асл таҷрибаи сохтмонӣ доранду сифати корашон ба талаботҳои соҳа ҷавобгӯ мебошад, қатъиян корбарӣ намоянд. Кумитаи идораи замини шаҳр низ муваззаф гардид, ки дар ин самт назоратро ҷиддӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои худсарона ва ғасби замин дар ҳудудҳои заминҳои воридгардида ва ноҳияҳои ҳамшафати шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар шаҳри Душанбе муовини якум, муовинони раис ва раисони ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми шаҳраку маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини техникаҳои муосири партовкашонӣ ва пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ тадбирҳо андешида, дар соли 2021 ба солимгардонии корхонаҳои партовкашонӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво