20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Норак бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шудаанд

247
Вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020 ва Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2020 оид ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ дар ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо амри раиси шаҳри Норак ба тасвиб расид. Дар ин асос 11 гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо усули хона ба хона оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва сари вақт ҷамъоварии ҳаққи истифодаи он, истифодаи самаранок ва оқилонаи заминҳои кишти наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд.

Муовини сардори шабакаҳои барқи шаҳри Норак Исфандиёр Содиқов иброз дошт, ки гурӯҳҳои корӣ ва назоратчиёни шабакаҳои барқ имрӯзҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар байни аҳолӣ доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва сари вақт супоридани ҳаққи он, истифода аз технологияи каммасраф ва пешгирӣ аз пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода бурдан аз неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда истодаанд. Ҳамчунин мо кӯшиш намуда истодаем, ки бо дарназардошти вазъияти буҳрони экологӣ ва тағйирёбии иқлим ба дарки ҷомеа расонем, ки маҳз дар сурати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ метавонем зимистони имсоларо бе камбуди барқӣ паси сар намоем.
Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки “самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки тарғиботро дар ин самт боз ҳам зиёд намуда, ба ҷомеа фаҳмонем, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ ба кори муътадили системаи энергетикаи кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Мутахассисони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак имрӯзҳо дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои тарғиботӣ дар самти сиёсати энергетикии кишвар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудааст. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем ва фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат бо дарки баланди масъулиятшиносӣ саҳм гузорем”.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво