29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нашриёти «Адиб»: Дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш фурӯши китоб ҷараён дорад

465
Дар ҳамин лаҳзаҳо дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нашриёти «Адиб» намоиш – фурӯши китобро баргузор намуда истодааст, ки он то соати 13:00 идома меёбад. Дар ин маъракаи фарҳангӣ бори нахуст ҷилдҳои тозанашри «Ахтарони адаб» пешниҳоди хонандагон мегардад.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш – фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Озарахш ва Озар пешниҳоди дӯстдорони мутолиа мегарданд.

Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок доранд, ки дӯстдорони мутолиа метавонанд, дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Роҳбарияти нашриёт тасмим гирифтааст, чунин намоиш –фурӯшро дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.

Сарвари давлат дар Паёмашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…аз соли 2007 то соли 2019 38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт боқӣ мондааст».

Вобаста ба ин Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво