25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Самаранокии энергетикӣ - таҳлил ва тавсияи он

847
Самаранокии энергетикӣ - таҳлил ва тавсияи он
29-уми июн дар толори меҳмонхонаи «Лотус» бо дастгирии барномаи GIZ (Германское Агенство по Сотрудничеству) бо иштироки кормандон ва роҳбарони зерташкилотҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессорон, меъморон, сохтмончиён ва намояндагони ширкати «Юнисон групп» семинар таҳти унвони «Қонунгузорӣ оид ба самаранокии энергетикӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлил ва тавсия» доир гардид. Мирзозода Низом Юсуфӣ - муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарро ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории онро шарҳ дод. Бояд иттилоъ дод, ки дар КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нерӯзахиракунӣ ва нерӯсарфакунӣ аллакай фаъолияти худро оғоз намудааст.
Хаген Еттнер -директори барномаи GIZ оид ба рафти фаъолияти ин ташкилот ва аҳамияти он дар сохтмон ҳарф зад.
Нурзат Абдирасулова-мушовири калони қонунгузории самти нерӯзахиракунӣ-директори ширкати «Юнисон групп» дар Қирғизистон дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории самти нерӯзахиракунӣ ва самаранокии энергетикӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон- таҳлил ва тавсияи он» маърӯза баён намуд.
Сипас, таҳлил ва тавсияи қонунгузорӣ дар самти самаранокии энергетикӣ байни иштироккунандагони семинар муҳокима шуда, саволу дархостҳо пешниҳод гардиданд ва аз ҷониби масъулин ба як қатор нозукиҳои ин самт равшанӣ андохта шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво