25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Фархор 14 мактаби замонавӣ бунёд мегардад

437
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор сохтмони 14 мактаби типи нав бо фарогирии 7 ҳазору 480 ҷойи нишаст, аз ҷумла 2 муассисаи томактабии хусусӣ, ҳамчунин таъмири асосии 2 мактаб, 2 кӯдакистон ва 5 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ соҳибкорони маҳалӣ дар баробари ниҳодҳои марбутаи ноҳия дар сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми намоён мегузоранд. Мояи хушҳолист, ки теъдоди чунин соҳибкорони маорифпарвар дар ноҳия меафзояд. Чанде пеш бахшида ба ҷашни фархундаи миллӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мирзошариф Шарифов ба масофаи як километр роҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 дар деҳоти Ватани ноҳияи Фархор мумфарш карда шуд. Роҳи мазкур дар ҳолати вайронӣ қарор дошта, рӯзҳои бориши барфу борон барои хонандагон ва сокинон душворӣ пеш меовард.

Мавриди зикр аст, ки соли равон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар шаҳраки Фархор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1000 ҷойи нишаст дар як баст ва аз ҷониби соҳибкор Диловар Муҳиддинов МТМУ №38 дар деҳоти «Ғайрат» барои 800 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 19 муассисаи таълимии дигар идома доранд.

Айни замон дар ноҳия 70 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 38 ҳазору 672 нафар хонанда фаъолият дошта, ба онҳо 2 ҳазору 778 омӯзгор таълим медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Фархор 30 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмони 14 мактаби нав барои 7480 хонанда, 56 синфхонаи иловагӣ барои 1400 ҷои нишаст, таъмири асосии 9 адад бунгоҳи тиббӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 бинои кошонаи ҳусн, 76 мағоза ва марказҳои савдо, сохтмону навсозии боғи фарҳангӣ, корхонаи коркарди меваю сабзават, 5 чоҳи амудӣ, 2 бозор, 34 сартарошхона, 2 нонвойхона, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва дигар иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво