24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта мешаванд

354
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба истифода дода мешаванд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо беш аз 80 фоиз иҷро гардидаанд. Новобаста аз сардиҳои фасли зимистон имрӯзҳо дар иншооти мазкур корҳо бомаром идома доранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни бунёди иншооти иҷтимоӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон боздид намуд.

Дар доираи сафари корӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар Ҷамоати деҳоти «20 – солагии Истиқлолият» бо сокинони маҳаллӣ, омӯзгорон, табибон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони ҷамоат суҳбат намуд.

Зимни мулоқот аз сокинони ҷамоати мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади таъмини доимии аҳолии мамлакат бо қувваи барқ истифодаи самараноки онро ба роҳ монда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кишти такрорӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вусъат бахшанд.

Зикр гардид, ки истеҳсол ва парвариши меваю сабзавот, ғалладонагӣ, парвариши чорвои калону хурд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тақвияти корҳои саҳроӣ, махсусан дар заминҳои президентӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Вобаста ба ин масъулини соҳаро мебояд, ки баҳри вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳор тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво