24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид

236
18 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат дар ноҳияҳои пойтахт вобаста шудаанд, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва фаъолони пойтахт ширкат варзиданд.

Ҷаласа бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни машварати корӣ 15 декабри соли 2020 ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо баён шуданд, доир гардида, дар он аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба татбиқи супоришҳои Пешвои миллат ба масъулини шаҳр ва ноҳияҳои он дастурҳои мушаххас дода шуд.

Зикр карда шуд, ки бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, дин ва танзими анъана, фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва фаъолону зиёиёни пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор карда шуда, арзи сипоси Пешвои миллат ба мардум ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихоботи президентӣ расонида шавад.



Ҳамзамон ба сокинон муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, вусъати корҳои ниҳолшинонӣ расонида шуда, сокинони сарбаланди пойтахт ба анҷом додани корҳои хайру савоб талқин карда шаванд.

Дар идома раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт доир ба раванди иҷрои дастурҳои созандаи Пешвои миллат сухан гуфта, оид ба корҳои иҷрошуда ҷиҳати ба таври шоиста таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳр маълумот доданд.

Муовини якуми Раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода иброз намуд, ки масъалаҳои таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, беҳдошти саломатии сокинон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни муқаддас–сисолагии Истиқлоли давлатӣ, омодагии пойтахт ба мизбонии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои банақшагирифташудаи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии пойтахт ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ зери назари бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошта, дар ин самт аз ҷониби шаҳрдорӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Аз ҷониби намояндаи Ҳукумати мамлакат гуфта шуд, ки бо фарорасии фасли сармо ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи махсус ба мардуми ҷумҳурӣ баромад карданд. Дар ин робита таваҷҷуҳи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он бояд ба ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаю сариштакоронаи неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ равона карда шавад. “Вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд, зеро ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд”,-изҳор гардид дар идомаи ҷаласа.

Дар фарҷом аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҷаласа доир ба дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво