24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози бунёди ду кӯдакистон дар шаҳри Хоруғ

1173
Айни ҳол дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар он 1766 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аммо ин рақам ҳанӯз нисбат ба талаботи мавҷуда поин аст. Ба гуфтаи сардори идораи маорифи вилоят Шоҳтут Хоников, дар худи маркази вилоят агарчӣ 5 кӯдакистон бо фаро гирифтани наздики 900 кӯдак амал менамоянд, аммо теъдоди зиёди волидон дар навбат истодаанд, то фарзандони хурдсолашонро ба муассисаҳои томактабӣ супоранд.
Имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва созмонҳои байналмилалӣ бунёди ду кӯдакистон оғоз гардид, ки то охири сол ин ду иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин, дар вилоят 185 адад Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 4 ҳазору 500 кӯдак таълиму тарбия мегиранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво