25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Соҳилии Душанбе кормандони милитсия зиёда аз 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз шинониданд

228
Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт дар заминҳои шафати роҳи мошингард ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 2000 бех дарахтони гуногуни ҳамешасабз шинониданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Маълум аст, ки дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз фазои экологии мамлакатро пок сохта, онро тозаву беолоиш нигоҳ медоранд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ новобаста аз хизмати шабонарӯзӣ ва пурмасъулият, ҳамзамон дар сабзу хуррамгардонӣ ва ободу зебо намудани мамлакат саҳми намоён доранд. Дар ин замина, дар радифи иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи шаҳрдори Душанбе ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ВКД пайваста тадбирҳои созанда роҳандозӣ менамоянд.

Чунин корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат дар оянда низ ба роҳ монда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво