20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Азим Иброҳим: «Ҷараёни корҳо дар татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2» бояд тақвият ёбад

270
Ҷараёни корҳо дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2» (равшаннамоии роҳи кӯчаҳо, сохтмони хатҳои ҷудокунандаи байни роҳу пиёдароҳҳо ва гузаргоҳи рӯизаминӣ дар км 40-950) ва лоиҳаи «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» (тағйир додани макони ҷойгиршавии сохтмони долони зиддитармавӣ аз км 69+350 ба км 72+700) дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ–техникӣ, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки кормандони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо, пудратчиёну шарикони рушд ва дигар мутасаддиён баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Вазири нақлиёти мамлакат аз мутассадиён иҷрои корҳоро талаб намуда, зикр кард, ки масъалаи сохтмони роҳу пулҳо ва инфрасохтори роҳҳо ҳамеша зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт қарор дошта, масъулинро зарур аст ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон Вазири нақлиёт ҷараёни татбиқ ва иҷрои корҳо дар лоиҳаҳоро аз шахсони мутасаддӣ пурсон гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ-техникӣ ҳамзамон масъулини корҳо ва мутасаддиёни лоиҳа гузориш доданд. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини иҷрои саривақтию босифати корҳои таҷдиду сохтмонӣ ба роҳбарони лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 2» ва «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», инчунин ба паймонкорон ва машваратчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво