29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

197
15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои Ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.

Пас аз анҷоми савгандёдкунии аъзои Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво