19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Абдураҳмон Ҳомидов дар Исфара ҳаммоми замонавӣ бунёд намуд

247
Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдураҳмон Ҳомидов ҳаммоми замонавӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд. Ҳаммоми мазкур бо маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ сохта шуда, панҷ нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии 922 млн 968 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, соли 2018- 86 иншоот, 2019- 131 иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.

Давоми нуҳ моҳи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ, ки маблағи умумии онҳо 52 млн 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 77 иншоот пурра ба итмом расонида шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво