24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии Бохтар барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид

342
Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бунёди 307 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст. Аз шумораи умумии иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ сохтмони 96 адади он ба соли 2020 рост омад. Қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонии муосир, мумфаршу чароғон гардидани роҳҳо ба шаҳр шукӯҳу шаҳомати хосса бахшидаанд.

Бемуболиға ҳар нафаре, ки 20 сол пеш дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) меҳмон буд, имрӯз дар кӯчаву маҳаллаҳои он роҳгум мезанад, зеро симои шаҳр ба кулли дигаргун гаштааст.

Дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохтани бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ барои сокинон ва кормандони соҳа беҳтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар чанд соли охир маҳсуб мешавад. Дар бинои мазкур бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Бахши ҷавонон ва варзиш, Театри халқии шаҳри Бохтар, рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар”, ансамбли рақсии кӯдаконаи “Ситора”, маркази фарҳангии “Ҷавонон” Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон низ ҷой дода шуда, бо назардошти талаботи кормандон ҳар як ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои 510 ҷойи нишаст мебошад. Кохи мазкур бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Толори мазкур бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити хуб барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин шудааст.

Иншооти фарҳангӣ бо ҷалби 150 нафар сохтмончии маҳаллӣ бунёд гардида, дар вақти иҷрои корҳо талаботи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Коргарон ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои солҳои зиёд хизмат намудани он кафолат медиҳанд.

Таҷҳизоти муосири тақвияти овоз, созҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги шаҳр таъмин карда шудааст.

Дар кохи навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ ва пардозкунӣ барои ҳунармандон мавҷуд буда, онҳо низ бо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошад.

Дар баробари толори бошукӯҳ Кох ҳамчунин дорои толори рақс, маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо фарогирии 5 ҳазор нусха китобҳои гуногун ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Баъди мавриди истифода қарор додани Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид.

Ёдовар мешавем, ки бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ 28 майи соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво