Дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шакли электронии китоби «Тоҷикон» ҷойгир карда шуд
369
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нодиртарин китоби муаррифи тоҷикон — шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон»-ро (Душанбе, «Ирфон», 1983-1985, иборат аз ду ҷилд) дар ҳамаи сомонаҳои мутааллиқ ба АМИТ интишор намудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти АМИТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки шахсони пажуҳишгар метавонанд аз тариқи ин сомонаҳо бо муҳтавои китоби мазкур шинос шаванд. Китоби «Тоҷикон»-ро академик Бобоҷон Ғафуров аз мавқеи таълимоти марксистӣ–ленинӣ навишта, дар он таърихи тоҷиконро дар давраҳои қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна баррасӣ намудааст. Агарчи ин китоб нимаи дувуми садаи гузашта ба табъ расида бошад ҳам, аммо то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, рӯз аз рӯз эътибори он меафзояд. Ибтикори ҷавонмардонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳар хонадон тақдим намудани китоби «Тоҷикон» пайваста роҳандозӣ шуда, ягона роҳи худшиносии миллӣ низ воқиф гаштани шаҳрвандон аз таърихи ниёгон мебошад. Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон» бори нахуст солҳои 1983-1985 ба забони тоҷикӣ интишор гардид ва айни замон матни тарҷумаи англисии он низ аз ҷониби олимони АМИТ анҷом пазируфтааст. Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад. Тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳайате бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бурд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |