28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз карда шуд

267
Тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз карда шуд.

Дар ин бора дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 9 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, қарори дахлдор ба тавсиб расид.

Ёдовар мешавем, ки якуми декабри соли равон зимни ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ки таҳти раёсати раиси он Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон» мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво