28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири нақлиёт роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳо эҳтиёткор бошанд

222
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар вохӯрӣ бо масъулин ва кормандони соҳаи роҳдорӣ -сардорон ва мутасаддиёни идораҳои хоҷагии роҳҳо, муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ва дигар масъулини соҳа таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои масъулиятталаб ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

-Зеро, афзудааст вазир,-роҳҳо пайвандгари минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, баҳри ба давлати транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори транзитгузаронии он чун яке аз ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пазируфта шудааст.

Зикр гардид, ки назар ба бунёду таҷдиди роҳҳо нигоҳдории онҳо мушкилтар аст, аз ин лиҳоз роҳсозонро зарур аст софдилона ва бо виҷдони пок вазифаҳои бардӯшдоштаро иҷро намоянд, зеро роҳҳо бо маблағҳои ҳангуфт ва машаққати зиёд сохтаву ба истифода дода мешаванд. Дар ин росто, Вазири нақлиёт роҳдоронро ҳушдор дод, ки дар истифодаи техника ва маблағҳои барои таъмиру нигоҳдорӣ ҷудогардида эҳтиёткор бошанд, ба қонуншиканиву хунукназарӣ роҳ надиҳанд, ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро тавассути роҳҳои мамлакат таъмин намоянд ва новобаста аз барфу борон роҳҳо бояд боз бошанд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шуҷоат Сироҷзода ва сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт Аловиддин Аноятшоев оид ба омодагии муассисаҳо ва корхонаҳои роҳдорӣ ба зимистон ва фаъолияти соҳаи нақлиёт дар 10 моҳи соли равон гузориш доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво