20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дидан намуд

239
Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ», ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво