28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавӣ гардид

324
Ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои замонавие гардид, ки бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст. Дар ин бора муовини директори КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Ваҳдат Икромиддин Сайидаҳмадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бинои корхонаи мазкур аз панҷ ошёна иборат мебошад, ки айни замон мутахассисони КДФ «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» ва кормандони Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво ба шаҳрвандони корафтода хизмат мерасонанд. Икромиддин Сайидаҳмадов мегӯяд, ки “самти асосии фаъолияти корхона, пеш аз ҳама, ба қайд гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва бақайдгирии молумулки ғайриманқул мебошад. Соли равон ба корхона аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз 3273 ариза ва дархост ворид шудаанд. То имрӯз аз ҷониби бақайдгирандагони шуъбаи бақайдгирии корхона 1627 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди замин, 1320 адад шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қайди биною иншоот ва иқтибосҳо, 83 адад бақайдгирии шартномаи гарав, 76 адад иттилои шахсони фавтида ва 12 адад бақайдгирии қатъии маҳдудият ба муроҷиаткунандагон дастрас карда шудаанд”.

Мутахассисони корхона мегӯянд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ дар бинои нав сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст. Ин аст, ки муроҷиати шаҳрвандон мувофиқи барномаҳои электронии корхона дар муҳлатҳои муайяншуда қонеъ гардонида мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво