29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият дар маркази Суғд

1032
Дар шаҳраки донишҷӯён дар байни маҳаллаҳои 19 ва 20-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ки дар он биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ ҷойгиранд, тирамоҳи соли равон бунёди боз як иншоот маҷмааи нав ва бахшҳои дигари фарҳангию фароғатии он дар назар аст. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд дар ин мавзеъ бунёди Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло беш аз 20 рӯз мешавад, ки дар гардиши мавзеи хиёбони С.Айнӣ, воқеъ дар байни ин ду микроноҳияи шаҳр корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти маҳаллии вилоятӣ иттилоъ доданд, аслан дар ин мавзеъ тибқи нақшаи шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти вилоятӣ ба ифтихори 800-солагии корнамоии мардуми тоҷик бар зидди истилогарони муғул бо роҳбарии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ки соли 2020 ин сана ҷашн гирифта мешавад, як маҷмааи боҳашамати ҷолиб, ки қаблан тарҳрезӣ шуда буд, бояд қомат меафрохт, вале бо назардошти воқеияти аслии ин муҳориба, сохтмони ин маҷмаа ба мавзеи назди соҳили рӯди Сир кӯчонида шуда, ба ҷои он ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки соли равон ҷашнҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешаванд, маҷмааи хосса бахшида ба ин сана қомат хоҳад афрохт.
Тибқи нақша, ҳоло тарҳи Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти кишвар аз ҷониби меъморон омода гашта, анҷоми корҳои сохтмониву баистифодадиҳӣ ва пардабардорӣ аз болои он дар моҳи сентябр бо иштироки бевоситаи Сардори давлат дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург рӯи кор хоҳад омад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво