20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Шодибек Раҷабов дар ноҳияи Муъминобод Маркази саломатии замонавӣ бунёд намуд

246
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Маркази саломатии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод аз ҷониби соҳибкор Шодибек Раҷабов бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои қабули беморон, табиби оилавӣ, ташхиси занон, хатна ва доругузаронӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марказ 12 нафар табибони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво