25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот намуданд

246
Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд, баланд арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Тавре тазаккур дода шуд, парлумонҳои ду давлат саҳми арзандаи худро дар таҳкими робитаҳои шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Россия мегузоранд, ки ин дар шаклҳои нави ҳамкории байниминтақавӣ бараъло эҳсос мешавад. Имрӯз беш аз 80 минтақаи Россия бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло иқтидорҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкории судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имконияти фарох фароҳам гардидааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкории гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл карда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуданд.

Тавре зикр гардид, паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудият ба миён овард.

Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудияти марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво