25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба масъалаҳои татбиқи фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак тибқи низомномаи нав ҳамоиш доир шуд

314
18 ноябр дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои «Татбиқи фаъолияти марказҳои дастгирии оила ва кӯдак (хонаи кӯдакон) мутобиқи Низомномаи нав» ҳамоиш доир гардид, ки дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, директорони марказҳои дастгирии оила ва кӯдак, намояндагони раёсатҳои молияи шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Зулфия Абдусаматзода иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати мазкур ба шумор рафта, ба соҳа аз ҷониби давлат ва Ҳукумат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон шароит ва имконоти мусоид муҳайё гардида, ҳамасола дар мамлакат даҳҳо муассисаҳои тандурустии кӯдакона, марказҳои солимгардонӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд.

Вобаста ба раванди табдилҳидии хонаҳои кӯдакони соҳаи тандурустӣ ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Азиза Хоҷаева сухан гуфт.

Номбурда иброз дошт, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи намунавии Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» таҳия гардида, он соли 2018 ба тасвиб расид, ки табдилдиҳии хонаҳои кӯдакони амалкунандаро ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак дар қиёс ба шаклҳои нигоҳубин дар муассисаҳои будубоши доимӣ ифода менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш як зумра иштирокчиён доир ба масъалаҳои табдилдиҳии хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак ҳарф заданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво