26 ноябр 2020, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Имсол дар Душанбе арчаи солинавӣ ташкил намегардад

19
Имсол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба муносибати Соли нави мелодии 2021 ташкили арчаи солинавӣ, баргузории барномаҳои фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин тасмим гирифтани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19, шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад.

«Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво