28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ БЕШТАР РУШД МЕКУНАД. Мавқеи кишвари мо дар раддабандии ҷаҳонии маркази таҳлилии Британия ҳашт зина боло рафт

228
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии шукуфоӣ ҳашт зина боло рафт ва дар ҷои 112-ум қарор гирифт. Дар ин бора дар маълумот Созмони байналмилалии таҳлилии Legatum Institute, ки 6 ноябр нашр шуд, дарҷ гардидааст. Дар ин раддабандӣ дар маҷмӯъ 167 кишвари олам баҳогузорӣ карда шуданд.

Фредерика Арроусвитс, сардори шуъбаи робита бо ВАО-и Legatum Institute рӯзи 16 ноябр ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки барои ҳисоб кардани индекси шукуфоӣ 12 нишондиҳанда ба назар гирифта шудааст: амният, озодии шахсӣ, идоракунӣ, сармояи иҷтимоӣ, фазои сармоягузорӣ, шароити соҳибкорӣ, дастрасӣ ба бозор ва инфрасохтор, сифати иқтисод, шароити зиндагии одамон, тандурустӣ, маориф ва муҳити атроф.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон дар бахши сармояи иҷтимоӣ дар асоси муносибатҳои шахсӣ ва оилавӣ пешравӣ ба назар мерасад. Яъне, дар Тоҷикистон робитаҳои мустаҳками хешутаборӣ ва оилавӣ вуҷуд доранд — хешовандон ҳамеша ба кӯмак омодаанд. Ин, дар навбати худ, ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат мекунад, чунин меҳисобанд дар Legatum Institute.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар пешрафти кишвар сиёсати давлат дар соҳаи некӯаҳволии мардум, қонеъ гардонидани талаботи моддӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнии мардум ва фароҳам овардани субот ҷойгоҳи асосиро ишғол мекунад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нутқу суханрониҳои худ ҳангоми сафарҳои корӣ ба минтақаҳои кишвар ва мулоқотҳо бо сокинони мамлакат пайваста аз онҳо даъват мекунад, ки ба якдигар ғамхорӣ ва эҳтиром зоҳир кунанд, волидон, пиронсолон, хешовандон ва ҳамсояҳои худро бештар эҳтиром кунанд, ба онҳо кумак расонанд.

Дар раддабандии The 2020 Legatum Prosperity Index муваффақияти Тоҷикистон аз рӯи чунин нишондодҳо, ба мисли фазои сармоягузорӣ ва шароити соҳибкорӣ низ зикр шудааст.

Дар раддабандии мазкур Дания мақоми аввалро касб кардааст, пас аз он Норвегия ва Швейтсария ҷой гирифтаанд. Россия дар ҷойи 76-ум, Беларус дар ҷойи 69-ум қарор доранд. Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дар ҷойи 166-ум ва Судони Ҷанубӣ аз ҳама охир – дар ҷойи 167-ум ҷой дода шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносони раддабандӣ, пандемия ба некӯаҳволии ҳамаи қудратҳои ҷаҳонӣ таъсири назаррас расонд, аммо дар маҷмӯъ ҷаҳон дар даҳсолаи охир тамоюли мусбат ба сӯи шукуфоӣ нишон дод.

«Миёни 167 давлат дар ин раддабандӣ 147 кишвар дар даҳсолаи охир афзоиши шукуфоиро нишон дода, барои рафъи пандемияи ҳозира заминаи боэътимод фароҳам овардаанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Созмони байналмилалии таҳлилии «Legatum Institute».

Ёдовар мешавем, ки раддабандии шукуфоии «Legatum Institute» (The Legatum Prosperity Index) нишондиҳандаи якҷояи Маркази таҳлилии британиявии «The Legatum Institute» мебошад, ки дастовардҳои кишварҳои дунёро аз нуқтаи назари некӯаҳволӣ ва шукуфоии онҳо муқоиса мекунад.

Мақоми ҳар як кишвар бо роҳи ҳисобкунии миёнаи вазни нишондиҳандаҳои зикршуда муайян карда мешавад, ки ҳар яки онҳо чун асоси шукуфоӣ арзёбӣ мегарданд. Нишондиҳандаҳо бар таҳлили оморӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ ва арзёбиҳои коршиносони иштирокчии пурсиш асос ёфтаанд. Маълумоти оморие, дар раддабандӣ истифода гардидаанд, аз Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, «Gallup», «Economist Intelligence Unit», «IDC», «Pyramid Research» ва дигар муассисаҳо дастрас карда шудаанд.

Ба ҳайати таҳририяи Индекс намояндагони як қатор донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон шомил мебошанд. Тавсифи муфассали методологияи ташаккули раддабандӣ ва манбаъҳои маълумот барои он дар нашри солонаи рейтинг аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти муқоисавии навбатӣ оварда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво