19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид

224
Дирӯз дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ 64 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун ва масофаи аз 30 то 200 метр барои пирӯзӣ миёни ҳам сабқат намуданд. Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбари Федератсияи миллии шиноварии мамлакат, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола дар саросари мамлакат садҳо иншооти варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар натиҷа теъдоди варзишгарон сол ба сол зиёд шуда, онҳо Парчами давлатиамонро дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мунтазам парафшон менамоянд, ки ин мояи хушҳоливу сарфарозии миллати тоҷик аст.

Дар хатми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво