11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт

402
Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат ҷаласаи васеи кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт.

Зимни ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон Машраб Файзуллоев ва Ғиёсиддин Ашуров иброз намуданд, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ афзалияте, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супориш ҳангоми вохӯриҳо бармеоянд,ба инобат гирифта шудааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамасола Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалияти асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегардад.

Нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок карда шудааст.

Ҷиҳати таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 гурӯҳи корӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда лоиҳаи Қонуни мазкурро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон) дар алоҳидагӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимни муҳокимаҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволу дархостҳои худ ҷавоб гирифтанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво