29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба таҷдиду навсозии лоиҳаи Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» машварати корӣ доир гардид

231
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Осорхонаи миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аъзои Шӯро оид ба ҳифз, истифода ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷдиду навсозии Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни машварат лоиҳаҳои таҷдиду навсозии Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» -ро ки Академияи мусаввирӣ ва Иттифоқи расомон, дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи миллии илмҳо таҳия кардаанд, муҳокима намуда, барои боз ҳам мукаммал гардидани лоиҳаҳо таклифҳои судбахш манзур намуданд.

Ҳамзамон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода андешаҳои худро вобаста ба лоиҳаҳо изҳор дошт.

-Муҷассамаҳои шахсиятҳо ва лавҳаҳои тасвирии таърихӣ, ки дар Боғи «Парчами миллӣ» ва Боғи «Истиқлол» насб карда мешаванд, бояд таҷассумгари таърихи тамаддунофари миллати тоҷик аз дирӯз то имрӯз бошанд, -таъкид намуд А. Раҳмонзода. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати такмили минбаъдаи лоиҳаҳо ба муаллифон дастурҳои иловагӣ дода шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво