25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд

263
Дирӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
-Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон карданд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад. Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар мамлакат ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми ҷумҳурӣ талоши бисёр карданд, — иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми мамлакат ҷони худро нисор кардаанд.
-Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- илова намуд Раиси вилоят.
Бояд таъкид кард, ки муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа, ҳифзи моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун вазифаи асосии милитсия ба ҳисоб меравад.
Сипас, ба як гурӯҳ кормандони мақомоти милитсия Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардида, барои иштирокчиён барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво