29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар Фархор мактаб месозад

341
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1640 хонанда дар ду баст ба истифода дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ бо усули муосири меъморӣ тарроҳӣ шуда, аз 34 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ (химия, физика, биология, компютерӣ ва синфхонаи таълими меҳнат), толорҳои маҷлисгузаронӣ, варзишӣ ва китобхона иборат мебошад. Ҳаҷми маблағи иншоот зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори маҳаллӣ ва сохтмончиён барои саҳмгузорӣ дар бунёди муассисаи таълимӣ изҳори сипос намуда, доир ба ороиши саҳни бино машваратҳо дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво