28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кӯлоб Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид

257
Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Файзулло Нозимзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, курсантҳои коллеҷи милитсия ва дигар фаъолон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён иброз намуд, ки мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фидокорона хизмат менамоянд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ баръало эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро карданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандон, собиқадорони милитсия ва фаъолони шаҳр ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи милитсия дар шаҳри Кӯлоб якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шоҳмот, шашка ва теннис доир гардида, ба ғолибон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия таҷлил карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво