19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати СҲШ раъйпурсии умумихалқиро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард

876
Ван Кайвэн, муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай-роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард. Ин нукта зимни брифинги матбуотӣ, ки имрӯз бо иштироки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай дар толори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагиҳо, ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорон баргузор шуд, таъкид гардид.
Роҳбари ҳайати мазкур Ван Кайвэн изҳор кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ба баргузории раъпурсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ анҷом дод. Аъзои ҳайати мушоҳидони СҲШ бо фаъолияти 78 участкаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб ва шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос гардида, ягон ҳолати вайрон гардидани тартибот ва қонунҳои ҷорӣ ба қайд гирифта нашуд.
Ҳайати мушоҳидони СҲШ иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҷавононро мушоҳида карданд, ки ин аз дарки фаҳмиши баланди сиёсӣ ва масъулиятшиносии сокинони Тоҷикистон дарак медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати мушоҳидони СҲШ аз намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ҳамчунин аз Котиботи СҲШ иборат ёфта, дар маъракаҳои интихобот ва раъйпурсии кишварҳои аъзои СҲШ бе дахолат кардан ба ҷараёни ин маъракаҳо иштирок карда, натиҷаҳои онро шаффоф инъикос мекунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво