25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди иншооти нав ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

920
Ба ифтихори 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки яке аз онҳо мактаби ба номи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов дар ҷамоати деҳоти Поршнев мебошад.
Мактаб барои 464 хонанда пешбинӣ шуда, аз 18 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар атрофи муассисаи таълимӣ, ки масоҳати он 1,5 гектар мебошад, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд, дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои нави раёсати кишоварзии ноҳия низ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди Қасри фарҳанг санги асос гузошта мешавад.
***




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво