25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон мумфарш мегарданд

242
Бахшида ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ноҳияи Ёвон тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои маркази ноҳияро навсозӣ ва мумфарш намоянд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон, дар навбати аввал бо саҳми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов корҳои сохтмонии 2,1 км роҳҳои кӯчаҳои Кароматуллоҳ Қурбонов ва Мирзо Турсунзода оғоз гардида, ин кӯчаҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат мумфарш карда мешаванд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо иқдоми соҳибкори бунёдкор Акбар Асадулло навсозии роҳҳои кӯчаи Меҳвар оғоз карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки давоми нуҳ моҳи соли равон бо ташаббуси Баҳриддин Ҷурахонов қариб 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ шуданд. Ҳоло дар назди муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 бинои иловагии таълимӣ, инчунин дар шаҳри Душанбе як муассисаи таълимии муосири панҷошёнаи дорои 1240 ҷои нишаст бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин ин соҳибкори саховатманд имсол барои донишҷӯёни ниёзманд 365 000 сомонӣ ва барои ятимону бепарасторон 53 000 сомонӣ кумаки пулӣ расонидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво