7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Беҳтарин ҳунарманди армуғонсози Хуҷанд муайян шуд

676
Беҳтарин ҳунарманди армуғонсози Хуҷанд муайян шуд
Дар «Кохи фарҳанги Суғдиён» -и шаҳри Хуҷанд Озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор гардид. Ҳайати ҳакамон натиҷаи озмунро ҷамъбаст намуда, беҳтарин ҳунармандони армуғонсозро муайян карданд. Ҷои якумро ҳунарманд Матлуба Ниёзова, мақоми дуюмро Мавҷуда Ҳакимова ва ҷои сеюмро Мақсудҷон Бобоев соҳиб гардиданд. Ғолибон бо «Диплом» ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Тавре аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни мазкур довталабон-ҳунармандон маҳсулоти дастии худро, аз ҷумла, кордҳо, ороишоти аз мӯҳра бофташуда, қолинчаҳо ва дигар осори рассомиро, ки ҳамчун армуғон аз ҷониби сайёҳон харидорӣ мешаванд, ба намоиш гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» дар асоси икдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории он ҳавасмандгардонии ҳунармандони мардумӣ ва рушди ин соҳа дар мамлакат мебошад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво