20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир ба нақши ҳамкории шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон

355
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақши ҳамкории шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври онлайн Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур олимону мутахассисони соҳа аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон (Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус ва Туркманистон), шарикони хориҷии Академия аз кишварҳои шарикони стратегӣ, олимону мутахассисони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимии дохилу хориҷи мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ асосан шаш давлат — Россия, Чин, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро чун шарики стратегӣ қарор дода, бо аксари онҳо созишномаҳои шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия маърӯзачиён якчанд масъалаҳо, аз ҷумла нақши ҳамкории шарики стратегӣ дар ташаккули робитаҳои дуҷониба, робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои шарикони стратегӣ, падидаи шарикии стратегӣ омили рушди ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ ва шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили устувории шарики стратегӣ дар муносибатҳои байналмилалиро таҳлил ва баррасӣ намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво