28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мо пайравони Пешвои миллатем

529
Мо пайравони Пешвои миллатем
Имрӯз аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита дастаҷамъона маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи телевизион тамошо карданд.
Чуноне, ки ҳама огоҳанд, рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.Мо пайравони Пешвои миллатем
Аҳли толор маросими савгандёдкунии Президенти арзандаи худро бо як ҳисси ифтихор ва қаноатмандӣ тамошо карда, шукри фазои озоду соҳибистиқлолии мамлакатро мекарданд. Ҷавонони Кумита эҳсосоти худро пас аз маросими ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоридани Шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии комил ва қарсакзаниҳо иброз намуданд.
«РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво