25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таваҷҷуҳ! Ба пешвози конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ

1109
Моҳи июли соли 2016 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Таҷриба, проблема ва дурнамои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ” доир мегардад.

Самтҳои кории конференсия:
1. Сохтмон ва меъморӣ.
2. Истеҳсоли мавод, маснуот ва масолеҳи сохтмонӣ.
3. Иқтисодиёт ва нархгузорӣ дар сохтмон.
Забонҳои кории конференсия – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Талабот оид ба тартиби ороиши мавод
Мақсади конференсия мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди лоиҳакашӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар сохтмон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани сифати лоиҳакашию сохтмон, истеҳсоли масолеҳи маҳаллӣ ва нархгузорӣ, амалӣ ва барпо намудани ҳамкориҳо ва робитаҳои корию тиҷоратӣ дар самти мазкур мебошад.
1. Мавод дар 4-5 саҳифаи пурра (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳар тараф) пешниҳод шаванд. Саҳифаҳо рақамбандӣ карда нашаванд. Маводи маърӯзаро бо истифода аз редактори Win Word, бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj (кегел 14), як фосилагӣ (одинарный интервал) тартиб диҳед. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда шавад. Мавод аз рӯйи чунин тартиб омода шаванд: номгӯй, ному насаби муаллифон, номи ташкилот, шарҳ, матни асосӣ, хулосаҳо, номгӯйи адабиёт. Номгӯй бо ҳарфи калон, шрифти ғафс, бефосила аз ҳошияи боло, бе кӯчонидан ба сатри дигар, дар марказ навишта шавад. Баъд аз як сатри холӣ, бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифон бо шрифти ғафс, дар қавсҳои гирд, бо курсив номи ихтисори ташкилот, шаҳр (бо вергул ҷудо намуда, марказонида шавад). Баъдан, матни асосӣ оварда шавад.
2. Нақша, тасвир, диаграммаҳо, схемаҳо бояд дар формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg, бо андозаи на кам аз 60x60 мм, бо ҷобаҷогузории объектҳо аз рӯйи равиши мавод, омода бошанд. Ҷадвалҳо бояд номгӯй дошта бошанд. Дар объектҳои сохташуда зери ҳар расму болои ҷадвалҳо номгӯй ва рақам гузошта мешавад. Ҳар расм ё ҷадвал бояд як интервал аз боло ва поёни матн фосила дошта бошад.
3.Формулаҳо бояд бо курсив навишта шаванд ва бо як интервал аз матни асосӣ марказонида, рақамгузорӣ карда шаванд (агар дар матн истинод дошта бошад). Рақамҳо дар қавсҳои гирд баробар дар тарафи рости ҳошия бояд ҷойгир бошанд. Редактори формулаҳо Microsoft Equation.
Пешниҳоди маводи конференсия
Дар нақша аст, ки маводи конференсия бо намуди нусхаи аслӣ дар маҷмуаи мақолаҳо чоп мешаванд. Ҳаҷми мавод бояд то 5 саҳифаи пурра (на камтар аз 2 саҳифа) бошад. Қабули Шумо ҳамчун иштирокчии конференсия ва интихоби маърӯзаатон барои ҷойгир намудан дар барномаи конференсия, инчунин нашри саривақтии мавод метавонед матни маърузаатонро то 20-уми июни соли 2016 бо почтаи электронии Кумитаи тадорукот - E-mail: niisa.tj@mail.ru ирсол намоед.

Шакли бақайдгирии иштирокчиён
Ҳамаи мавод бо файлҳои алоҳида ба суроғаи Кумитаи тадорукот E-mail: niisa.tj@mail.ru ба қайд гирифта мешаванд.
Кумитаи тадорукот ҳуқуқи таҳрир ва тафтиш кардани маводи пешниҳодшударо дорад.
Маълумоти иштирокчиён
1.Маърӯза, ахборот, презентатсия (дар зери лозимиаш хат кашед).
2.Воситаҳои техникӣ: плакатҳо, слайдҳо, проектори мултимедиявӣ, стендҳо, компютер (дар зери лозимиаш хат кашед).
3. Матни маърӯза, расмҳо ё рекламаҳоро ба CD- дискҳо сабт карда, бо шакли зайл рӯйнавис намоед: ном ва насаби муаллифон, номи мақола.
4.Маводе, ки мувофиқи талабот омода нашудаанд, ба мавзӯи конференсия мувофиқ нестанд ё ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудаанд, барои чоп тавсия намешаванд.
5.Маводи чопшудаи конференсия пеш аз саршавии конференсия ба иштирокчиён пешниҳод карда мешавад.

Маълумот оид ба иштирокчиён:

Ному насаб____________________________________________________
Номи ташкилот_________________________________________________
Суроға________________________________________________________
Телефон_______________________________________________________
E-mail ________________________________________________________
Номи маърӯза__________________________________________________



КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ
ВА НАЗОРАТИ САВДОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КВД “ПАЖУҲИШГОҲИ ИЛМИ ТАДҚИҚОТИИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво