17 январ 2021, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 бунгоҳи тиббӣ бунёд мешаванд

43
Дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Барномаи Рушди СММ сохтмони 7 адад бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи нақша, сохтмони бунгоҳи тиббии Убари даргоҳ дар ноҳияи Ванҷ, Умарак дар ноҳияи Дарвоз, Миденвед дар ноҳияи Роштқалъа, Гармчашма дар ноҳияи Ишкошим, Чечекдеҳ дар ноҳияи Мурғоб, бунгоҳи тиббии Чошкандез дар ноҳияи Шуғнон ва Маркази саломатии деҳоти Дерзуд дар ноҳияи Рӯшон дар назар дошта шудааст.

Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарони давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин рӯ ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст барои сокинони ин деҳа ҳаётан муҳим мебошад.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво